хамдарди барои марги подари дуст

Хамдарди барои марги подари дуст

Замину осмони ман туи модар, туи модар,
Чахони беканори ман туи модар, туи модар.
Дар ин дунё, ки бемехриву берахмист бунёдаш,
Ягона мехрубони ман туи модар, туи модар.
Гамамро дар чахон чуз ту касе бехтар намедонад,
Бе ин хам достони ман туи модар, туи модар.
Зи руят нур меборад ба руи зиндагониям,
Чароги дудмони ман туи модар, туи модар.
Гарам шоир намезоди кучо ман шеър мегуфтам,
Газалхои равони ман туи модар, туи модар.
Суруди аввалини ман, суруди охирини ман,
Суруди човидони ман туи модар, туи модар.

Хар кучое ки равам мехри туро
Модарам дар магзи чонам мебарам!

расстроить ее или разбить ее любящее сердце.
У тебя есть только
одна мама.

Ман булбуламу ватан гулистони
манаст,

Чун модари мехрубон нигахбони
манаст.

У буд ки ман зи нести хаст шудам,

Ин
аст ки имони ману чони ман
аст..

Дилам
хоҳад равам бар кӯи модар,

Вуҷудам пур шавад аз бӯи модар,

Тамоми рӯи дунёро бигаштам,

Надидам рӯи хуш ҷуз рӯи модар.

Модар, маро бизоду ба сад ноз парварид.
Аз бахри ман саодату осоише надид.
Бори гарони захмати фарзандро кашид,
То ман забон кушодаму,бо по равон шудам.

Модар! дар чехраи ту мехру сафо мавч мезанад,
Эй шухра дар вафову сафо! мепарастамат,
Дархам шикаста чехраи ту, маъбади Худост,
Эй боргохи кудси Худо мепарастамат.

Модар ту азизу мехрубон бахри мани,
Модар ту бихишти човидон бахри мани.
Модар ту дар ин олами бемехру вафо,
Бахшандаи умри човидон бахри мани

Источник

Бигзор, то бигирям.

Ном: Далер аз: Маскав

Бисёр одами хуб буд, Худованд чояшро чаннат бигардонад, Омин.
________________________________________
Ном: Abdulloh аз: Kulob
04.01.2010 14:30

Inna lillohi va inna ilayhi rojiun
________________________________________
Ном: ashk аз: chashm
04.01.2010 04:47

Inna lillohi va inna ilayhi rojiun. Khohishmandem, hamdardii moro ba ahli khonadoni marhum birasoned. Matolibashonro hama vakt mekhondam. Vokean in ruydodi shum baroi mo talafoti kalon ast. Makonashon jannat-ul-firdavs boshad.
________________________________________
Ном: Sattor аз: Dushanbe
04.01.2010 07:19

Hamdardii moro kabul kuned va ham hamdardii mo shunavandagonro ba ahli khonavodai Муҳаммадраҳими Сайдар birasoned, tashakkur.
________________________________________
Ном: Насибҷон аз: Алмаато
04.01.2010 10:56

Ин хабари ҷонкоҳ дили мо, дӯстон ва ҳампешагонро реш кард. Зеро Муҳаммадраҳим инсоне буд накӯхислату меҳрубон ва ватандӯсту инсонпараст. Бо ӯ ман ҳанӯз аз даврони ҷавонӣ, солҳои 70 –и садаи гузашта ошно будам ва маҳз чунин хислатҳои наҷиби инсониаш, ки баъдтар дар навиштаҳояш низ бозтоб ёфтааст, маро бо вай қарин карда буд. Вале ба асари рӯйдодҳои шуми солҳои 90 мо ҳама пароканда шудем ва дигар дидори ин азиз муяссарам нашуд. Мо танҳо тавассути телефон ва нома бо ҳам иртибот доштем. Ва имрӯз ин хабари ғамангез …Муҳаммадраҳим бештар дар ғами Ватан ва мардуми диёри хеш буд ва ин ғам ӯро аз байни мо бурд. Тавре ки аз чунин ғам қаблан азизонамон устод Тоҳири Абдуҷаббор, Аслиддини Соҳибназар, Имомназари Холназар, Маҳмадалии Давлат ва даҳҳои дигар ин дунёи бевафоро падруд гуфтанд ва гӯиё Шайх Саъдӣ дар ҳаққи ин ашхос фармудаанд: «Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард, Ғами бенавоён рухам зард кард». Вале номи ин ашхосе, ки дар ғами мову шумо буданд, то ба садсолаву ҳазорсолаҳо боқӣ хоҳад монд. Зеро тавре бузургон гуфтаанд, инсон меравад ва аз вай ба ҷузъ ном чизе намемонад ва номи онҳое мемонад, ки дар андешаи мардум буданд на дар ғами ҷоҳу мол ва пур кардани ҷайби хеш.

Ҳарчанд дар ин лаҳзаҳои душвор худ ниёзманди тасаллият ҳастам, вале боз ҳам ба аҳли хонаводаву пайвандони ҳамкори азизам, адиб ва журналисти боистеъдод Муҳаммадраҳими Сайдар ва ҳамкорону дӯстон ва ҳама ватанпарастони тоҷик изҳори тасаллият мекунам ва барояшон сабри ҷамил орзу дорам ва аз даргоҳи Худованд мехоҳам, ки ҷои ин азиз дар ҷаннат бошаду рӯҳаш ҷовидонӣ.
________________________________________
Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:00

Худо рахматаш кунад ва дар рахмати худо бошад.
________________________________________
Ном: Амин аз: Кулоб
04.01.2010 11:07

Худо, рухи озурдаашро, ки аз озурдагии мухочирони кори хамеша намеосуд, дар охират осуда гардонад. Як инсони хамеша дар такопуву чустучу ва арзу ниёзшунави мухочирон буд. Дуо мекунем, ки Худо чояшро чаннат гардонад. Омин!
________________________________________
Ном: Одил аз: Точикистон
04.01.2010 11:11

Ман аз марги нобахангоми яке аз шахсиятхои бузурги миллат хелло андухгин шуда аз даргохи худованд, ба хешону наздикони мархум сабри чамил хохонам.
________________________________________
Ном: Шоҳмансур аз: Эрон
04.01.2010 11:21

Ном: ЮСУФИ КУБОДЁНИ аз: IRAN
04.01.2010 13:29

Мухаммадрахим марди нек, мехрубон, самими, якру ва яккавл буд. Миёни гуфтору кирдораш тафовуте набуд. Ватандусту миллатдуст буд. У ватану миллаташро на бо сухан, балки бо Дилу Акл дуст медошт, ба ин сабаб буд, ки дар ин бора кам харф мезад ва бар иваз харчи аз дасташ меомад барои ин ватану миллат ва афроди он мекард. Инсон, Мард ва Точик буд! Ёдаш ба хайр!
________________________________________
Ном: Хусейн. Абдусалом. Бону аз: Душанбе
04.01.2010 13:44

Худо чояшро чанат кунад ва ба оилааш ва фарзандонаш сабри чамил хохонем
________________________________________
Ном: ali аз: dangara
04.01.2010 14:09

hudo josha janat kunad omin
________________________________________
Ном: Саъдии Юсуфи аз: Душанбе
04.01.2010 14:13

Даргузашти Мухаммадрахими Сайдар шахсан барои ман хабари андухгине буд.Гарчанде аз наздик уро харгиз надида будам аммо аз лобалои гузоришхояш дарк мекардам ки чи дардхое дар сина ва чи андешахое дар сар дорад.Худованд уро биёмурзад ва бихишти барринро маъвояш намояд. Омин ё Рабб.
________________________________________
Ном: Некварз аз: Машхад
04.01.2010 14:18
Некварз

Рафтиву зи рафтанат замон гамгин аст
Пар-пар задани парандагон гамгин аст

Дар гушаи боги мо,ки булбул мехонд
Бечора зи гулхои хазон гамгин аст

Бегам набувад диле агар гил набувад
Гам низ зи марги ногахон гамгин аст
________________________________________
Ном: Нурали аз: Маскав
04.01.2010 15:20

Даргузашти як шахси фозил ва инсони комил, инчунин нависанда ва рузноманигори шинохтаи точик калби якояки хамватанонро озурда гардонд. У намояндаи мактаби нависандаги ва рузноманигории давраи Шурави ва давраи гузаришу кунунии Точикистон буд. Бо тачрибаи зиёд ва дониши кави хамеша талош меварзид, вокеиятро ба мардум расонад. Суханони зебо ва лахни оромаш дар дили шунавандагон чойгузин гардиданд. Вале, кунун ин садо ба якбораги канда шуд.Ва дар охир аз забони хаким Фирдавси мегуям, ки
Худоё бубахшой гунохи варо
Биафзой дар хашр чохи варо!
________________________________________
Ном: Махмадали аз: Красноярск
04.01.2010 15:20

Читайте также:  как красиво поздравить девушку с годом отношений

Ба номи Аллохи бузург! Инна лилахи ва инна иллахи рочиун. Ба ахли хонаводагии Мухаммадрахими Сайдар хамдарди изхор намуда сабри чамил хохонам. Бисер шахси озодандеш, бохирад, часур ва озодсухан буд. Шахсан бо мархум ошнои надоштам, лек ахборе, ки дастраси мо менамуд хело чихати тахлил амик, саривакти буданд.
________________________________________
Ном: Хабиб аз: Русия
04.01.2010 15:22

Рухат шод бод, ай азиз!
________________________________________
Ном: Дустмухаммад аз: шахри Душанбе.
04.01.2010 15:41

Бузургон хар кучо овора миранд,
Ба тадбиранду худ бечора миранд!
Чавонмарганд мардони унарманд,
Валекин нокасон садсола миранд!
Худованд хонаи охирататро обод гардонад дусти азиз! Ном: Tojik аз: Amriko

Nomi mardoni ba monandi Muhammadrahimi Saidar abadist. Joyash jannat shavad.
Hamdardii manro ba ahl oilai Muhammadrahim birasoned.
________________________________________
Ном: Аъзами Хучаста аз: Машхад
04.01.2010 17:39

Ба номи Худо
Мутаасифона ифтихори дидор бо Мухаммадрахимро надоштам,аммо бо каламаш ва садояш ошно будам.Аз дардхо мегуфт ва бо дард мегуфт.Шукуфойии Точикистон ва таъолии миллати точикро орзу дошт. Бе шак, Сайдар яке дигар аз курбониёни хамон чанги нангинест, ки дар поёни асри 20 ба миллати точик тахмил шуд. Чанге ки калбхои мисли калби Сайдар хассосро захми кард ва имруз он захмхо аз худ дарак медиханд.
Худо рахматаш кунад!
________________________________________
Ном: dur az vatan аз: sweden
04.01.2010 17:59

khudovamd rahmatat kunad va joyatro dar jannatul firdavs qaror dihad omin ya rabal olamin, inast gardishi zindagi yak ruz meoemu yak ruz merem. dar haqash duo kuned az mo yagona chizeki ba u merasad duo ast, khudovand ba ahlu farzandonash sabru tahamul dihad omin yo rabbal olamin
________________________________________
Ном: Далер
04.01.2010 18:47

Равонаш шод бод! Инсони хубе буд.
________________________________________
Ном: Умед Ҷайҳонӣ аз: Маскав
05.01.2010 16:58

Парерӯз бузургвор устодам Муҳаммадраҳим Сайдарро аз даст додам. Даргузашташ бовар карданӣ нест. Гӯё ҳамин дирӯз дар коргоҳи радиои “Озодӣ” нишаста будему гузориш омода мекардем. Вай маро ҳам кор ёд медод ва ҳам дарси зиндагӣ меомӯхт. Аз устод дархост карда будам, ки дидаву донистаҳояшро дар бораи талошу кӯшишҳои ӯву ҳамандешону ҳампешагонаш барои мондгории забону фарҳанги тоҷикӣ дар замони шӯравӣ, озодиву оромиву ободии тоҷику Тоҷикистон ва пешомаду пайомадҳои ҷанги таҳмилӣ барои ҷавонону ояндагон ёддошт кунад. Дархостамро пазируфта буд ва ният дошт дар бознишастагӣ ёддоштҳояшро нависад. Дареғо ки умраш вафо накард ва он ҳама донистаниҳоро бо худ бурд. Ҳануз ҳам бовар намекунам, ки дигар ҳаргиз устодамро нахоҳам дид ва овозашро аз гӯшии телефону радио нахоҳам шунид. Аммо номи неку ёди неку достону навиштаву гузоришҳояш ҳамеша бо мо хоҳанд буд.

Даргузашташро бар хонаводаву хешу табору дустону ҳамкорону хонандагону шунавандагонаш таслият мегӯям ва аз Худованд барои ҳама сӯгдоронаш шикебоиву бурдборӣ хоҳонам. Худованд биёмурзадаш ва дар биҳишт ҷояш диҳад. Равонаш шод бод!

________________________________________
Ном: Фарход аз: Исфара
04.01.2010 21:13

«Мо хама аз они Худоем, ва ба суйи у баргарданда хастем». Вокеан марги Мухаммадрахим мусибати бузурге аст. Ба парвардигор дуо мекунам ки Мухаммадрахимро рахмат кунад, ва ба аъзои оилаашон сабри чамил ато фармояд, ба тамоми коркунони радиои озодй низ хамдардии худро иброз мекунам.
________________________________________
Ном: Мусо аз: Русия
04.01.2010 21:36

Илохо чояш чаннат бод! Ва ба наздиконаш сабри чамил ато фармояд.
________________________________________
Ном: Sargardon аз: Ghurbat
04.01.2010 23:43

Ruhashon shod bodu qabrashon purnur.
________________________________________
Ном: shogerd аз: kuwait
04.01.2010 23:44

ХУДО РАХМАТ КУНА ШУМОЯ АКА
________________________________________
Ном: Фируз аз: Москав
05.01.2010 08:38

Банда замоне як дафъа бо ин марди бузург хамсухбат шуда будам ва маро хеле сухбати самимияш хуш омада буд. Хело афсус мехурам аз марги ин бародар. Ва аз калби пок ба хешу табори ин хирадманд ва ба хамаи шумо коргардони радиои озоди хамдарди баен мекунам.Илохо рухаш дар чаннат шод бошад.
________________________________________
Ном: Абдуллох аз: Хучанд
05.01.2010 08:59

Ман хам хамчун як узве аз хонандагони радиои озоди хамдардии худро нисбати марги Муҳаммадраҳими Сайдар баён менамоям. Аз даргохиХудованд барои хамаи кормандони радиои озоди ва хонаводаи мархум Муҳаммадраҳими Сайдар сабр хохонам. Худованд чояшро чаннат бигардонад. Омин.
________________________________________
Ном: беном аз: беватан
05.01.2010 09:19

Хайф аст ки чавонмардони мо гуррамарг мемиранд ва ин шахр холии холист, хатто чавонмарде нест, ки лоакал кумак накунад хам халал бар кору зиндагии миллати бемор нарасонад.
Хайфи дунёву хайфи хамзисти бо ин гуна одамон.
Худо биомурзад чун Мухамадрахим мардони шарифу накуномро.
________________________________________
Ном: Усмон аз: Душанбе
05.01.2010 09:43

Ман шунавандаи доимии маводхои рахматй будам. Бо часорати бузурге аз хукукхои мухочирин химоят мекард. Афсус,ки бо ин садои чолиб дигар намешунавем, ки Мухаммадрахим чй гуна дар химояи точикон ба чанг меояд. Мисле ки боли =Озодй= дар Русия заъиф гашт.Худо рахмат кунад!
________________________________________
Ном: Точик
05.01.2010 14:06

Чи лахзаи гамангезе буд. Як марди равшандил моро тарк гуфт. Рухаш шод бод!
________________________________________
Ном: Bahriddin аз: Turkiyo
05.01.2010 14:57

Рухаш шод бод!
________________________________________
Ном: Дидор
05.01.2010 15:02

Даргузашти ин марди бузург барои хамаи Точикистониён гамангез аст.
Маги Мухаммадрахими Сайдар сахтарин курбонии чанги шахрвандист.

Доде хазорсолахо курбони,
Чонхо зи барои Ватани армони.
Дарё, дарё бирехт хуни точик,
Эй чарх магар ба хуни мо гардони.
________________________________________
Ном: Hoji аз: Amriko
05.01.2010 15:13

Худо рахмату магфираташ кунад
________________________________________
Ном: Vatandust
05.01.2010 15:43

Ruhat shod barodari aziz okhiratat obod bod tu budi yak mardi durandesh zamona turo karda marizu darvesh ruhat shod bod!
________________________________________
Ном: Мухаммадназар Мирзода аз: санкт-Петербург
05.01.2010 16:37

Дар сугвории Устод Мухаммадрахими Сайдар.

Дар мазори мо гарибон не чароге, не гуле,
Не пари парвона сузад, не садои булбуле.

Сад оху дарег ровии ин махфили мо рафт,
Ногуфта хазорон сухани мехру вафо рафт,
Дар гурбату дар беватани софу адо рафт,
Бо рангу рухи зарди зарандуда азо рафт,
Аз Гарм сафар карду ба Раштони бако рафт,
Озодсухангуи дилу гушу садо рафт.

Он ёр ки дидору дилаш давлати мо буд,
Неку сухану нек раву нек садо буд,
Дар илми маониву адаб дидабаро буд,
Дар хар хабараш васви гарибони худо буд,
Дарди дили сад хамватани бесару по буд,
Сад захм дар он дидаву дил аз бари мо рафт.

Читайте также:  навык убеждения в симс 4 как повысить

У булбули саргаштаи сад богу чаман буд
Хар чо ки сафар кард дилаш суи Ватан буд,
У марди ба фархангу ба номусу ба фан буд,
Хар руз ба сад хотира фарьёд расан буд,
Озурда дил аз рузи гарибони ватан буд,
Холо ки ба анчоми сафар суи Худо рафт.

Мухаммадназар Мирзода ш.Санкт-Петербург 04.01.2010с
Чаъмияти точикони Санкт-Петербург
________________________________________
Ном: БАРОДАР ВА ШОГИРД аз: ТОЧИКИСТОН
05.01.2010 16:48

БИГЗОР ТО БИГИРЯМ, ЧУН АБР ДАР БАХОРОН,
К-АЗ САНГ НОЛА ХЕЗАД РУЗИ ВИДОИ ЁРОН.

ИНОЛИЛЛОХИ ВА ИНО ИЛАЙХИ РОЧИУН.
________________________________________
Ном: Fors аз: Europe
05.01.2010 18:02

Ruhat shod va makonat Jannati Firdavs bod ustod

Источник

Аждаҳои марг боз як дӯстамро фурӯ бурд!

Дору аз Амрико, Аврупо, беҳтарин духтурони шаҳри Маскав натавонистанд дӯсти моро наҷот диҳанд.

Боз як баҳор хазон шуд, боз як нахли умр канда гашт. Дӯст ва бародари меҳрубони мо Нусратулло Валиев аз олам даргузашт.
Душмани ҷони инсон, балои охирзамон — коронавирус риштаи умри ӯро барканд.
Дируз бо ҳам харф мезадем, дируз барои фардо нақша мекашидем. Вале имрӯз дӯсти азизи мо Нусратулло бо мо нест. Ӯ аз хона бо пои худ ба беморхона рафту аз он чо тобуташро берун оварданд.
Лахзае кабл писараш Фирдавс паемак фиристод: падарам бандагиро ба ҷо оварданд.
Ин хабар ханҷаре буд, ки ба сина халид.
Дору аз Амрико, Аврупо, беҳтарин духтурони шаҳри Маскав натавонистанд дӯсти моро наҷот диҳанд. Ӯ дар беморхонаи № 52 и шаҳри Маскав ҷон дод.
Ӯ, ки як умр бо кору машаққат зиндагӣ ба сар бурда буд, акнун мехост роҳат бубинад. Бепадар, ки ба камол расида буд, мехост лаззату роҳату хизмати фарзандонашро бубинад.
Дирӯз бо ифтихор занг зада мегуфт: писарам Фирдавсчон, медонед бароям чи хел мошин харид? Медонед писарам…. Медонам Нусратулло, албатта беҳтарин мошин хариданд, беҳтарин шароит бароятон муҳайё сохтанд. Фарзандоне, ки шумо тарбия кардед, дигар хел буда наметавонанд.
Нусратулло Донишгоҳи омӯзгории Панҷакентро бо дипломи сурх хатм кард, дар ин шаҳр ҷуфти мувофиқ ба худ пайдо кард. Факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллиро ҳам бо дипломи сурх тамом кард. Кор дар хориҷа, бозгашт ба Ватан. Аммо афсус, ки ҷанги шаҳрвандӣ ӯро аз остонаи дарвозаи Ватан берун андохт. Дар Маскав мустақар шуд ва фарзандони бомаърифаташ беҳтарин мутахассисон дар ин кишвар шуданд.
Онҳо умед доштанд хизмати падар кунанд, аммо дунё бевафоӣ кард. Падари мехрубон, соябони сари фарзандону наберагонро аз даст доданд.
Дӯсти азиз, Нусратулло! Мехоҳам ҳарфҳои зиёде дар бораатон гӯям. Аммо гиря гулӯгир мекунад…..
Рӯҳатон шоду хонаи охирататон обод бошад!
Ш.Ҳамдампур

Аз хабари марги нобахангоми бародари азиз ва устоди мухтарам Нусратулло Валиев дар шигифт афтодам. Бо устод дар як чой кор карда бисёр маслихатхои муфидашро сармашки рузгори худ кардаам. Кариб ду сол пеш аз Маскав омада бао ман вохурд, кисса аз рузгори наву ватани нав кард, аз муваффакаятхои фарзандон бо шавку рагбати зиёд харф зад, ки хеле хушхол шудам. Шахси окил ва инсони комил буданд, филологияи арабро хуб сарфахм мерафтанд, дар дусти самимият ва садокатро хеч гох фаромуш намекарданд. Борхо дар хонаашон, ки дар яке аз кучахои политехникуми пойтахт чойгир буд мехмон шудаам. Ба назарам холо хам устодам бо хамон мошини волгаи сиёхрангаш дар кучахои шахр бо тамкин мошин меронад. Акои Нусратулло, Илохо хонаи ахиратат обод ва рухат хамеша аз мо шод бошад.
Ба чигарбандон ва хамсари азизаш хамдарди намуда барояшон аз даргохи Хакк сабри чамил мехохам.

Илохо хонаи ахиратат обод ва рухат хамеша аз мо шод бошад.
Ба чигарбандон ва хамсари азизаш ва хешу таборонаашон хамдарди намуда барояшон аз даргохи Хакк сабри чамил мехохам.

Источник

Шон Мс бади ПАДАР Репи нав ПАДАРАТРО ДУСТ ДОРИ ПАС ИНРО ГУШ КУН

Марги падар гирья мекни

Толиби Самад Марги Падар 2020

Ох падар ту рафтию танхо мондам

Марги Падар Рафоат ва Самандар 2021

САБР ДАР МАРГИ ПАДАРУ МОДАР ВА ФАРЗАНД ҲОҶИ МИРЗО 2021

Дуои фарзанди солех баъд аз вафоти падару модар

Шон мс бади падар Хаёти як бародар

Сайдо шахбачаро гирён кард бо суруди падараш 2020

Падар бету ма хор шудам Бади гум кардан бад ба кадраш мерасем

Сабрина бади марги Падараш баромад кард

Марги Падар аз гариби

Эркин Одинаев Падар 2021 Erkin Odinaev Padar

Филми Хомиён баъди 13 сол 2008 2021 марги актери филм

Кобили Саидкул ПАДАР 2017 КЛИПИ НАВ Kobili Saidqul Padar 2017

Манижа давлатова суруди падар

Шон мс бади падар хаёти як бародар подпишись

СКОРО БАДИ 4 РУЗ ТРЕКИ МАРГИ ПАДАР МОДАР ИНТИЗОР ШАВЕН ДУСТОН

ПЕШВОЗГИРИ САБРИНАИ НАЗРИ АЗ РОДОМ

ЧАНОЗАИ ПАДАРИ САБРИНА ДАР ХАКАШ ДУОГУ БОШЕН

Шон мс 2018 БАДИ ПАДАР

Писари Шери Панҷшер ба роҳи падар қадам гузошт

Номаи пеш аз МАРГИ корманди Амонатбонк

МОТАМ ДАР ХОНАВОДАИ ВАЛИЧОН АЗИЗОВ

АФЗАЛШО ШОДИЕВ ХАМАРО ГИРЁН КАРД СУРУДИ ПАДАР 2021 AFZALSHO SHODIEV PADAR 2021

САРВИНОЗ БАДИ МУРДАНИ ОЧАШ СУРОГИ ПАДАРИ ХУДШ РАФТ

Бубинед Падар барои писар чи кор кард

ЧАНОЗАИ ПАДАРИ ГУЛДОНАИ АЛИЁРЗОДА

БАРОДАР РАФТИ суруд дар васфи бародар хеле таъсирбахш

Бахром Гафури Баха84 Падар Bahrom Gafuri Bakha84 Padar

Бади сари ма ей писар нола накун чони падар

ХОДИСАИ НОХУШ МАРГИ КУДАКИ 5 СОЛА ПАДАРАШ ДАР ЧАНОЗА ХУДША КАПИДА НАТОНИСТ 2021

Чавони 25 Сола Духтари 12 Солаи Холаашро Тачовуз карда буд

Некбахтро барои қатли падар боздошт карданд

ДАРГУЗАШТИ падари Сабринаи Назрӣ Ӯ соҳиби ФАРЗАНД шуд

ЁДИ ПАДАР БЕХТАРИН ВИДЕОИ ТАРБИЯВИ UMED TAJ ONE BADIK

Суруди Падар Бахри Гарибон Гиряи Нуруллои Кухистони Барои Падараш 2021

ДОҒИ БАРОДАР ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН 2021С

Падар рафту ба дил ёди падар монд Парвизшо Гиёсов сентябр 2020

Падар бади рафтани ту хор шудам 2020

Махмадсаиди Хисори Аз рузи маргу мурданат эй бехабар андеша кун

СИПАРЧОН УМАРОВ ПАДАРАМ

СРОЧНО БИНЕД БАЧАИ ТОЧИК ПАЁМБАРИ ХУДОРО ДАШНОМ КАД КАПИДАНУШ БИНЕ ЧИКОРУШ КАДАН

Shon Mc Бади Падар Хаёти як Бародар

Эркин Одинаев ФАКАТ ЧАБРУ ЧАФО ДИДАМ 2020 Erkin Odinaev 2020

Здесь Вы можете прослушать и скачать песни по запросу Бади Марги Падар в высоком качестве. Для того чтобы прослушать песню нажмите на кнопку «Слушать», если Вы хотите скачать песню или посмотреть клип нажмите на кнопку «Скачать» и Вы попадете на страницу с возможностью скачать песню, прослушать ее и посмотреть клип. Рекомендуем прослушать первую композицию Баъди марги падар длительностью 6 мин и 10 сек, размер файла 8.12 MB.

Читайте также:  договор аренды квартиры рукописный

Suami Meninggalkan Istri Selama 3 Bulan Apakah Jatuh Talak Ustadz Abdul Somad Menjawab

Yello The Race Remix 2010

Right There Soulecist

Tropical Island Chill Relaxing Zen Music Therapy

Intruders Feat Ethicsgotguap Voodoochild Dbk

Psycho Feat 884Phxbia Kaisani Dbk

Ва Мама Са К1Орни Дайна

Сборник Хитов 2000 Х

Back To Roots Luis Radio Mix Franky Boissy

Боласини Сотаётган Аёл

Eyes Of Time Soulecist Aj Euro Wearefallback

Le Voyage Dans La Lune Hakuuro Apolo Beats

All And More Mr Campo

Сборники Шансона 90

Fnf Anniversary Mod Taki

Collegium Musicum Pragense Quartet For 4 French Horns No 3 Adagio

Инфинити Ты Просто Космос Ремикс

Patrick Hero Blade Runner

Warvoid Убийца Акаме Рэп Monster Music Prod

Источник

Тариқаи дафн кардани маййит ва баёни таъзия бар аҳли ӯ

Таърихи нашр : 06-04-2020

Савол

Ҳангоми таъзия чӣ бояд кард ва чӣ бояд накард?

Ҳангоми бардоштани маййит чӣ бояд гуфт?

Ҳангоми маййитро ба қабр гузоштан чӣ бояд гуфт?

Оё нишонае бо навистани ном бар болои қабр гузоштан ҷоиз аст?

Дуъои баъди ба итмом расонидани дафн чист?

Ба болои қабри маййит об гузоштан, то чӣ андоза саҳеҳ аст?

Матни ҷавоб

Аввал: Ҷанозаро бардошта аз қафои он рафтан воҷиб мебошад. Ин яке аз ҳуқуқҳои мусулмони мурда бар мусулмонон аст. Дар бобати аҷри ин амал фазилати бузурге омадааст.

Ҳангоми аз қафои ҷаноза рафтан амалҳои хилофи шаръиро анҷом додан ҷоиз нест. Аз ҷумла:

Бо овози баланд гиря намудан, ба думболи он хушбӯӣ намудан, дар назди ҷаноза бо овози баланд зикр кардан, зеро ин бидъат аст. Қайс ибни Убод гуфтааст: «Саҳобагони расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) дар назди ҷаноза баланд бардоштани овозро макруҳ медонистанд». Зеро ин амал ба амали насрониҳо монандӣ дорад.

Дуввум: Дафн намудан.

Мусулмон бо кофир ва кофир бо мусулмон дафн карда намешавад. Мусулмон дар қабристони мусулмонон дафн карда мешавад.

Маййитро аз ҷиҳати поёнии қабр дохил намудан суннат аст ва ҳамчунин ӯро дар қабр ба тарафи росташ гузоштану рӯяшро ба суйи қибла кардан низ суннат аст. Шахсе, ки маййитро ба қабр мегузорад, чунин мегӯяд:

بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى سُنَّةِ رَسُولِ اللهِ

«Бисмиллоҳи ва ъало суннати расулиллоҳ».

(Ба номи Аллоҳ ва суннати расулуллоҳ).

بِسْمِ اللهِ، وَعَلَى مِلَّةِ رَسُولِ اللهِ

«Бисмиллоҳи ва ъало миллати расулиллоҳ».

(Ба номи Аллоҳ ва миллати расулуллоҳ). Тирмизӣ ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 967) ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби «Саҳиҳу сунани Абидовуд» (836) саҳеҳ шуморидааст.

Баъд аз пӯшонидани лаҳад, ба шахсоне ки дар назди қабр вуҷуд доранд, бо ҳарду дастони худ се мушт хок гирифтану ба болои қабр пошидан мустаҳаб аст.

Баъд аз ба итмом расидани дафн, ин амалҳо суннат аст:

Қабр аз замин каме, яъне ба миқдори як ваҷаб бардошта шавад, ба замин баробар карда нашавад, то мардум қабр будани онро донанду, онро ҳифз намоянд ва нисбати он беҳурматӣ накунанд. Қабр аз замин тақрибан як ваҷаб бардошта шавад. Ба хотири дигар хешовандонро дар онҷо дафн намудан, санг ё ягон чизеро ҳамчун нишона гузоштан боке надорад. Ба болои қабр об пошидан ҷоиз аст, хоки он мустаҳкам гардад ва хоки онро шамол набарад. Ба маййит чизе талқин карда намешавад, чи гунае ки назди баъзе маъруф аст. Балки назди қабр истода, дар ҳаққи маййит барои устуворӣ ва талаби мағфирати гуноҳаш дуо мекунад ва инро аз дигарон низ хоҳиш мекунад.

Чуноне ки дар ҳадис омадааст. Усмон ибни Аффон (Аллоҳ аз ӯ хушнуд бод) гуфт: Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) баъди дафн намудани маййит дар назди қабри ӯ истода мегуфт: «Дуо кунед, ки Аллоҳ гуноҳони бародаратонро мағфират кунад ва ӯро (ҳангоми пурсиш) устувор гардонад, зеро ӯ ҳоло пурсида мешавад». Абудовуд ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 2804) ривоят кардааст. Албонӣ ин ҳадисро дар китоби «Саҳиҳу сунани Абидовуд» (2758) саҳеҳ шуморидааст.

Дар назди қабр чизе аз Қуръон хонда намешавад, зеро ин амал бидъат буда, паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) ва саҳобагони киром онро иҷро накардаанд. Бар болои қабр бино сохтан, гаҷкорӣ кардан ва навиштаҷот гузоштан ҳаром аст.

Чуноне ки Ҷобир гуфтааст: «Расулуллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гаҷкорӣ кардан, бар болои қабр нишастан ва бино сохтанро манъ намудааст». Муслим ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 1610) ривоят кардааст. Дар ривояти Абудовуд чунин омадааст: «Паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) гаҷкорӣ намудани қабрҳо, бар болои он навистан ва зер кардани онро манъ намудааст». (Боби Ал-ҷаноиз: 3226). Албонӣ ин ҳадисро дар китоби «Саҳиҳу сунани Абидовуд» (2763) саҳеҳ шуморидааст.

Саввум: Таъзия баён намудан ба хешовандони маййит мувофиқи шариат мебошад. Ҳар он чизе, ки баҳри дилбардории хешовандони маййит ва дур кардани ғамгиниашон ва ба сабр даъват намудани онон гуфта шавад, таъзия шуморида мешавад. Бо он чизе, ки аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) собит шудааст, таъзия баён мекунад, агар дар ёдаш бошад, вагарна метавон бо кадом лафзи хубе, ки барояш осон буда хилофи шариат набошад, таъзия баён кунад.

Аз паёмбар (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) таъзияи зерин ворид шудааст:

إِنَّ لِلَّـهِ مَا أَخَذَ، وَلَهُ مَا أَعْطَى، وَكُلُّ شَيءٍ عِنْدَهُ بِأَجَلٍ مُسَمَّىً فَلْتَصْبِرْ وَلْتَحْتَسِبْ

«Инна лиллоҳи мо ахаза, ва лаҳу мо аъто, ва куллу шайъин ъиндаҳу биаҷалин мусаммо, фалтасбир валтаҳтасиб».

(Ҳаройина он чизе, ки Аллоҳ гирифт, аз они Ӯст ва он чизе, ки ато намуд, аз они Ӯст. Ҳама чиз дар назди Ӯ ба як муддати муайян аст. Пас сабр кун ва савобашро аз Аллоҳ бидон). Бухорӣ ин ҳадисро дар боби (Ал-ҷаноиз: 1204) ривоят кардааст.

Бояд аз ду кор дурӣ ҷӯст:

1. Ҷамъшавӣ барои таъзия баён намудан ва агарчӣ мардум ин амалро кунанд.

2. Аз тарафи хонаводаи маййит барои таъзиягарон таом тайёр намудан.

Суннат ин аст, ки бояд наздикону ҳамсоягони маййит барои хонаводаи маййит хӯроке, ки онҳоро сер кунад, омода кунанд.

Барои маълумоти бештар ба китоби «Аҳкому-л-ҷаноиз»-и Албонӣ (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) ва китоби «Ал-Мулаххасу-л-фиқхийя»-и шайх Фавзон (саҳ: 213-216) муроҷиат кунед.

Источник

Академический образовательный портал