лоик шерали шеърхо бо забони руси
Шеърхои Ошикона – Шеърхои Ошики
ИШҚИ АВВАЛ
Қуҷоиву куҷоӣ, ишқи аввал?
Намеоӣ, намеоӣ чаро ту?
Дигар як лаҳза, дареғо,
Ба ёди худ намеорӣ маро ту.
Куҷоиву қуҷоӣ, ишқи аввал?
Ки аз ту қиссаҳо дорам паноҳи.
Дигар ман дар дили армонии худ
Ба ёдат ғуссаҳо дорам паноҳӣ
Куҷоиву қуҷоӣ, ишқи аввал?
Куҷоӣ ишқи поки навҷавонӣ,
Ки аз чашмони шаҳлои ман акнун
Сиришки ҳасратамро меравонӣ.
Қуҷоиву куҷоӣ, ишқи аввал?
Маро пазмони худ кардӣ, дареғо!
Дигар чун навбаҳори навҷавонӣ
Ба суям барнамегардӣ, дареғ!
РОЗИ ДИЛ
Туром ан дуст медорам,
Туро хоҳам, туро ҷуям,
Ки то шоми маҳтобӣ
Бароят рози дил гуям
Туро дар хоб мебинам
Шаби торики танҳоӣ,
Ки суям як нафас аз дур
Пур аз ишқу ҳавас оӣ.
Ту дар хобу хаёли ман
Саропо ғарқаи нурӣ,
Валекин аз висоли ман
Чаро дурӣ, чаро дурӣ?
Қуҷоӣ? Бе ту парвардам
Ба дил ишқи фирбоят.
Биё охир ба чашми дил
Бубин Зебои зебоят
БАҲРОН ГУЗАРОН
Навбаҳори навҷавонӣ бигзарад,
Гулафшони зиндагонӣ бигзарад.
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ бош,
Неку бад ҳам ногаҳонӣ бигзарад.
Меҳрварзии ҷавонӣ хуш бувад,
Чун хаёлт осмонӣ хуш бувад.
Ишқро дар ҳастии худ зинда дор,
Талху ширин комронӣ бигзарад.
Дар ҷавонӣ гул бичину гул бибӯй,
Ба ҳама дилҷӯии худ дил биҷӯй!
Нобӯ дар банди гесу зан, ки зуд,
Ноҳову дилситонӣ бигзарад.
Дар умеди худ бисазон боғи дил,
То намонад аз ҷавони доғи дил.
Орзӯи ишқи аввал чун насим
Аз раҳи дил ормонӣ бигзарад.
БЕВАФО
Диле дорам, ки дилдоре надорад,
Ғаме дорам, ки ғамхоре надорад,
Муҳаббат ҷони ман дар оташ афканд,
Ба оби дидаам коре надорад.
Дигар аз ишқ ошуфтан нахоҳам,
Ғами дилро ба кас гуфтан нахоҳад.
Дигар монанди гул дар навбаҳорон
Барои ёр бишкуфтан нахоҳад.
Барояш рози дерин кардам иншо,
Барояш рози ширин кардам ифшо.
Вале ӯ бевафоӣ кард охир,
Дареғи ишқи поки ман, дареғо!
ОРЗУИ ИШҚ
Чашми ман нуру сафо мехоҳад,
Қалби ман сидқу вафо мехоҳад.
Ҷони ман ишқи туву меҳри ман
Меҳрубонии туро мехоҳад.
Гар ту Фарҳодиву ман Ширинат,
Пас куҷоиву киро меҷӯӣ?
Кӯҳи сангини муҳаббат бишикан,
Сӯи лабташнаи худ кан ҷӯе.
Гар ту Маҷнуниву ман Лайлоят,
Гаштаӣ раҳ ба раҳ овора чаро?
Пешвози ту кушоям оғӯш,
Коб роҳи диламу ёб маро.
Орзуи манӣ, эй ёри ман,
Аз ту дорам Хаваси бахти нек.
Кош, оӣ ба суроғам рӯзе,
То шавам ҳамнафаси бахти нек.
ШАББОДА
Дар гӯшаи моҳтобшаб
Овои дил дорам ба лаб.
Аз ёди дурам мевазад
Шаббодаи пуртобу таб.
Ҳайронтнигоҳи зори ман
Дар осмони беканор.
Аз он шаби ишқи нахуст
Маҳтоб монда ёдгор.
Афсӯс, ишқи содаам
Осемасар бигзаштааст.
Ёди ғариби ман дигар
Шаббодаи саргаштааст.
ДАРЁФТ
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Чун умед аз ноумеди ҷаҳон.
Ишқ дар боғи дилам пажмурда буд,
Руст аз доғи дилам ӯ ногаҳон.
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи тақдир чун ангуштарин.
Ӯ магар афтода аз ангушти моҳ
Дар раҳи бахти ман аз чархи барин?
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Бебаҳо чу гавҳар аз дарёи дил.
Оҳ, ӯ ашки арӯсии ман аст
Рехта дар домани дунёи дил.
Ишқи худро оқибат даёфтам
Бар сарам чун осмони беканор.
Дидамаш чун ахтари рахшони худ
Раҳнамоям сӯи рӯз аз шоми тор.
Ишқи худро оқибат дарёфтам
Аз раҳи пурпечу тоби зиндаги.
Дар дилу дар дидагони ман дамид
Рӯшании офтоби зиндаги.
БИЁ ЁРАМ.
Биё, ёрам,
Биёву гул бибӯй аз навбаҳорон.
Биё, ёрам,
Биё, мастат кунад атри баҳорам.
Биё, ёрам,
Биёву бин гули ишқу умедам,
Биёву чин гули сурху сафедам.
Биё, ёрам,
Ки чун боди гулафшон бигзарад зуд
Баҳори гулнисорам.
Биё, ёрам,
Ки дар дил аз ҷудоӣ ғусса дора,
Бароят дар лабонам бӯсса дорам.
Биё, ёрам,
Ки месӯзад ба ёди тобнокат.
Бидӯзам сӯзан бо ризтаи нур
Ба номи ишқи покат.
Биё, Ёрам,
Ки чун шабнам ба рӯи баргаки гул
Дурахшон ашк дар рухсори ман.
Биё, ёрам,
Шунав овози қалби пораи ман.
Биё, ёрам,
Куҷоӣ ошиқи овораи ман?!
ОШИҚАМ МАН
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи афсуни чашмони сиёҳат,
Ошиқи лоли нигоҳи бӯсаҳоят.
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи масти навозишҳои нармат,
Ошиқи зори ҳамоғӯшии гармат.
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқат, эй ҳамдилу ҳам қисмати ман,
Аз ту бодо ишқи поку исмати ман!
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Кош, умре сар ниҳам бар шонаи ту,
Аз муҳаббат бишнавам афсонаи ту.
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Нозанинат мешавам бо ноз ширин,
Дар дил аз ишқи ту дорам рози дерин.
Ошиқам ман,
Ошиқам ман,
Ошиқи ту, ошиқи ту, ошиқи ту,
То қиёмат содиқи ту, мушфиқи ту.
Туро ранҷур мебинам,
Фиғон аз ранҷи дунёӣ!
Дилат аз ишқ менола.
Шаби торики танҳоӣ.
Зи бахти худ пушаймонӣ,
Пушаймонӣ надорад суд.
Ниҳон дар хеш месӯзӣ,
Алови дил надорад дуд.
Зи тақдир гурезонӣ,
Раҳоӣ нест аз қисмат.
Надорад зиндагонӣ парво,
На аз ҷисмат, на аз исмат.
Шикасти бахт душвор аст,
Азоби ишқиосон нест.
Вале аз сахтии баташ,
Бидон ошиқ ҳаросон нест.
Туро ранҷур мебинам,
Чаро аз ғам парешонӣ?
Гиреҳи бахти худ бикшо,
Ба мисли чини пешонӣ.
Ишқ омад. Гуфт шабҳои ту аз сӯзу гудоз
Аз ҳисоби рӯз мегардад дарозу тиратар.
Рӯсҳоро ман вале кардам ба худ аз шаб дароз
Ёфтам аз чеҳраи шоми сияҳрӯи саҳар.
Лоик Шерали. Влюблённый я. Ман ошикам.
Лоик Шерали (1941-2000) — народный таджикский поэт, который внёс огромный вклад в современную поэзию Таджикистана. Его труды опубликованы в школьных учебниках и пользуются большой популярностью среди простого народа. На стихи Шерали написано много песен.
Лоик Шерали. Из цикла «Газели»
Перевод с таджикского
Влюблённый я, влюблённый я, влюблённый я уж с давних пор.
Влюблённый в шею и уста, и грудь, ласкающую взор.
Пускай нет злата у меня, пускай пуста моя мошна,
Когда душа тобой полна, богат я, как багдадский вор.
Как первозданный снег чиста твоя земная красота.
Люблю серебряный твой стан и губ пленительный узор.
От этой вечной красоты шумят любви моей сады.
Люблю я милые черты и тихий нежный разговор.
И пусть в опале нынче я, лишь я один – любовь твоя.
Я всё равно добьюсь тебя, преградам всем наперекор!
Лоик Шералк. Газалиёт
* * *
Ман ошикам, ман ошикам, ман ошики деринаам,
Ман ошики он соиду он габгабу он синаам.
Гар ман надорам симу зар, гар ман надорам бахру бар,
Дорам туро то дар бг;ал, ганчинаам, ганчинаам.
Чун барфи навборидае сар то ба поят бевубол,
Ман ошики он манзару он пайкари симинаам.
То хаст хусни сабзи ту, сабз аст боги ишки ман,
Ман ошики он талъату он чехраи сабзинаам.
Расвои ишки ту манам, яктои ишки ту манам,
Имруз гар по дар гилам, то манзиле як зинаам.
Имрузу фардои маро нодида ангори, вале
Имрузу фардои туро оинаам, оинаам!
[1982]
ЛОИК ШЕРАЛИ™
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
* * *
Дунёст, ки дӯстии гургу меш аст,
Аз хеш мабол, душманат дар пеш аст.
Эй дӯст, хасе ҳам агарат душман нест,
Як дӯст зиёда кун, ки душман беш аст.
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
* * *
Ёре, ки аҳди ошиқӣ бо ман бубаст, рафт,
Гуфто бас аст оҳу ғам, дигар бас аст, рафт.
Болои ин ҳама ғаму дарду шикастҳо
Показать полностью.
Аз нав дили шикастаи моро шикаст, рафт.
Гуфтам, ки як дили варо ёбам, хуш орзуст,
Як дил ба даст н-омаду сад дил зи даст рафт.
Чун баста буд риштаи ҷонам ба тори мӯш,
Як худ нарафт, риштаи ҷонам гусаст, рафт.
Ишқе, ки дар фарози наҷобат мақом дошт,
Чун санги бодхурдае аз қулла паст рафт.
Ҷурми ман аст, эй худо ё ҷурми содагӣ,
Мурғе, ки дӯш дар кафи ман менишаст, рафт.
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
Ёрон! Ба каф пиёлаву дар дил ғубор чист?
Имрӯз ҳам гузашт, ғами рӯзгор чист?
Охир дигар чӣ ҳоҷати панду насиҳат аст?
Показать полностью.
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.
Ёрон! Баҳори ошиқӣ бо гулфишон гузашт,
Дарёи дил зи соҳили суду зиён гузашт,
Ин дил, ки ранҷ мекашад, то кай саломат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.
Ёрон! Ба орзуи дил бояд расида рафт.
Нозе зи ёр гар расад, бояд кашида рафт.
Ёре, ки ноз мекунад, то кай баҳиммат аст?
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.
Ёрон! Сари азиз фидои саре кунед.
Дар ҳар даре тараннуми шеъри дарӣ кунед.
Шеъру суруд шуълаи дарди муҳаббат аст,
Ҳар дам ғанимат аст,
Одам ғанимат аст.
ЛОИК ШЕРАЛИ™
в сообществе обновилась фотография
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан
Инак касоне, ки аз осори Устод ягон мисраъ байт медонанд, хохиш мекунем, дар комментария ба ин запись нависед.
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
گــــردی همـــــه از گردش گــــــردون خوردیـــــــم
در عشـــــق غـــــم لیلــــی و مجنون خوردیـم
از سینهـــی مــــادران همـــــه شیر سفید
Показать полностью.
از سینهـــی تاریخ همه خون خوردیم
ЛОИК ШЕРАЛИ™ запись закреплена
Имруз зодрузи Лоиқ Шералист.
Гирям аз он ки ту танҳоию ман танҳотар,
Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам.
Показать полностью.
Лоиқ Шералӣ 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шарифи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи колхозчӣ ба дунё омадааст.
Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бе ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд.
Бузургии Лоиқ дар он аст, ки ашъори сурудааш ҳамагӣ ҳамнавои дили мардуми оддӣ, таъсирбахш ва хеле зиёд ширину равонанд. Меҳри Лоиқ ва муҳаббат ба шеъри баландпояи ӯ кай ҳост, ки марзи Тоҷикистон ва дигар кишварҳои форсигӯйро убур намуда, берунтару фарохтар доман афкандааст.
Пок дорем номи некаш дар ҳаёт,
Рӯҳи покаш кош норо ҳат мабод.
Пок омад, пок рафту пок зист,
Сабзаи сабзи мазораш рамзи чист.
Модарони тоҷик
Донандагони осори Лоиқ Шеръалӣ иҷмолан ӯро шоъири зан, замин ва зиндагӣ меноманд. Дар шеъри шӯравии Тоҷикистон беҳтарин тавсифи модару дилдор, сарзамину меҳан ва расотарин тасвиру таъбирҳо аз талхию ширинии рӯзгор дар девони Лоиқ нуҳуфтааст. Лоиқ мекӯшид на танҳо мазмуни офаридаҳояш мардумӣ бошад, балки тасвирҳое ҳам ки медод, аз дили одобу русуми мардумаш бархоста буд:
Ба ман ҳам орд пошидӣ, ба ман ҳам ними нон додӣ
Ва ними дигарашро доштӣ бо худ,
Ки чун баргардам аз хидмат, бихоҳам хурд.
Расми модарони тоҷик аст, ки ба ҳангоми гусели фарзандашон ба хидмати сарбозӣ ба нишони бахти сапед бар шонаҳояш орд мепошанд ва нонеро, ки гоз зада, ҳифз мекунанд, бо ин ният, ки пас аз бозгашт мобақии нонро ҳам бихурад. Ишқи Лоиқ ба модараш мояи даҳҳо шеъри нағзи ӯ буда, ки баъдан дар маҷмӯъаи “Модарнома” гирди ҳам омад ва беандоза маҳбуб шуд. Овозхонони тоҷик бисёре аз ин ашъорро табдил ба суруду тарона кардаанд:
Сиришти ман, ниҳоди ман ту будӣ,
Сафои бомдоди ман ту будӣ.
Аё модар, ба он сон бесаводӣ,
Нахустин устоди ман ту будӣ.
Ё:
Дар миёни кӯҳсорон,
Бо навои обшорон,
Бо сафои чашмасорон,
Бо суруди боду борон,
Бо дуруди навбаҳорон,
Ҷон ато кардӣ маро.
Ҷон ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Аз паи рӯзӣ давида,
Хӯшаҳоро чида-чида,
Талху шӯриҳо чашида,
Ранҷи дунёро кашида,
Ганҷи дунёро надида,
Дил ато кардӣ маро.
Дил ато кардию худро костӣ,
Рӯзу шабҳо бар сари гаҳвораи ман,
Модари ман, модари ғамхораи ман,
Модари ман, модари бечораи ман.
Дар давроне, ки сиёсатҳои ҳоким ҳувияти тоҷиконро дар ҳолае аз ибҳом қарор дода буд, Лоиқ қаҳрамонони “Шоҳнома”-ро дар маҷмӯъае дигар бозофаринӣ кард. Кова аз марги ҳаждаҳ писараш менолид ва Таҳмина аз марги Суҳробаш чунин шеван мекард:
Таҳминаам, Таҳминаам,
Аз дарду ғам дунимаам.
Дар ҳасрати Суҳроби ял
Дурҷи ғамон шуд синаам.
Суҳроби ман, меҳроби ман,
Хуршеди ман, маҳтоби ман,
Дар ин ҷаҳони бекасӣ,
Яктои ман, ноёби ман…
Гулчини давронам гузашт,
Гулрези бустонам гузашт.
Теғе, ки Рустам зад бар ӯ
Аз ҷавшани ҷонам гузашт.
Ашъори Лоиқ ойинаи тамомнамои мардуми давронаш буд ва дар солҳои поёнии умраш, ки бо туғёну ошӯбҳои пасошӯравӣ мусодиф шуд, саропо иҷтимоъию сиёсӣ шуда буд; мамлув аз ҳушдорҳову надоматҳо ва сарзанишҳову раҳнамунҳо ва ҳасрату андӯҳи орзуҳои бохта. Унвони вопасин маҷмӯъаи ашъори ӯ (“Фарёди бефарёдрас”) ҳокӣ аз бори андӯҳу навмедист, ки бар шонаҳои устод уфтода буд:
Мулк сангистону мо бесангарем,
Сар ба сар сардору мо бесарварем…
Ё
…Тоҷик андар ватани хеш чаро муттаҳам аст?
Ё хато рафта ба тоҷик таваллуд шуданам?
Ҳама халқони дигар анҷуман оростаанд,
Дар Самарқанд нашуд сохта ним анҷуманам…
Гуфт алломаи Иқбол, ки бархез зи хоб,
Буздиле гуфт: фулонист мухотаб, на манам.
Домани кӯҳ гирифтему думи маркаби хеш,
Рафт аз даст ҳама домани дашту даманам.
Эй Хуросон! Ту бигӯ, соҳати Эронвич ку?
Ман аз ин фоҷеъа чун шиква ба Яздон накунам.
Гирям аз он ки ту танҳоию ман танҳотар,
Ватанам, о Ватанам, о Ватанам, о Ватанам.
Ҷанги дохилӣ мояи ранҷи фаровони Лоиқ буд, ки дар шеърҳояш бозтоб ёфтааст. Вай дар он рӯзҳо бо ишора ба нақши тоҷу ҳафт ситора бар парчами Тоҷикистон навишта буд:
Субҳе ба тоҷи бесари миллат гиристам,
Шоме ба марги мазҳари миллат гиристам.
Якпорагишро ҳамекардам орзу, дареғ,
Бар пора-пора пайкари миллат гиристам.
Бо чашми хеш дида заволи ягонагӣ,
Бар уммату паямбари миллат гиристам.
Чун на саре, на сарваре буд ин саройро,
Ман бар ҷанозаи сари миллат гиристам.
Дар роҳи рост мехурад ҳар дам сикандарӣ,
Бар Қайсару Сикандари миллат гиристам…
Гаҳвораҳо тиҳӣ шуданд аз тифлу гиряҳо,
Бар фахри ҳар музаффари миллат гиристам.
Фарзандҳош беҳадаф мурданду бемазор,
Ман бар мазори модари миллат гиристам.
Лоиқ Шеръалӣ бо гиряҳояш рафт. Чеҳраи шодаш пажмурда шуда буд. Лоиқи маҳфилоро дигар камтар дар маҳофил дид?6?
Лоик Шерали. Я и река. Ману Дарё
Лоик Шерали (1941-2000) – великий таджикский поэт XX века.
Однажды известный поэт Мирзо Турсунзаде в Доме писателей
Москвы при встрече с творческой элитой России, произнес:
«У нас есть поэт, который превзойдет вашего Сергея Есенина.
Его зовут Лоик, что в переводе «достойный».
Так он достоин своего имени».
Лоик Шерали. Из цикла “Газели”
Перевод с таджикского
***
Мы две дороженьки с тобой, моя река, моя река.
Мы сплетены одной судьбой – я и река, я и река.
Как два источника в горах, что пробивают путь во льдах,
Царим над вечной суетой – я и река, я и река.
Черпаю строки из реки, она несёт мои стихи.
И мы шумим всегда весной – я и река, я и река.
Я с нею пьяный без вина, и от меня она пьяна.
Как два влюблённых под луной – я и река, я и река.
Она стихи читает мне, когда мы с ней наедине.
Два сердца в упряжи одной – я и река, я и река.
Нас даль заветная зовёт, уходим вместе от забот.
И мы бесчувственны порой – я и река, я и река.
Но сердце ранит вновь и вновь давно минувшая любовь,
Живём безумною мечтой – я и река, я и река.
И в вечных поисках себя, и торжествуя, и скорбя,
Идём дорогою прямой – я и река, я и река.
И нам преграды не указ, ничто не остановит нас.
Мы держим дальше путь благой – я и река, я и река.
Превозмогая боль и страх, живу я с песней на устах,
Что мне напела над водой моя река, моя река.
Лоик Шерали. Газалиёт
***
Ду рахсозему рахпаймо – ману дарё, ману дарё,
Ду хамрохему ду танхо – ману дарё, ману дарё.
Зи як сарчашма меоем, як сарчашмаи кухи,
Ба поинхо аз он боло – ману дарё, ману дарё.
Ман аз вай шур мегирам, вай аз ман шеър мегирад,
Ду пуршурему пургавго – ману дарё, ману дарё.
Дили у масти туфонхо, дили ман масти тугёнхо,
Ду сармастему пурсавдо – ману дарё, ману дарё.
Газал мехонад у, ман хам, фигон месозад у, ман хам,
Ду шоир, ду дили шайдо – ману дарё, ману дарё.
На парвои маломатхо, на парвои сиёсатхо
Ду девона, ду бепарво – ману дарё, ману дарё.
Ба ёди ёр менолем – ёри орзухомон,
Ду мачнунем дар сахро – ману дарё, ману дарё.
Гахе дар худ намегунчем, мечушему мешурем
Ба касди сохилу мачро – ману дарё, ману дарё.
На боки садди рах дорему на бок аз халалгорон;
Ду чуёи рахи фардо – ману дарё, ману дарё.
Ба чандин ранчу тобу таб суруди зиндаги дар лаб
Давонем аз пайи дунё ману дарё, ману дарё.
[1986]
Гуруҳи мазкур ба хотири гиромидоштӣ устоди зиндаёд, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ ташкил шуда дар он ашъори шоир чой дода шудааст..
«Ва ҳамчунин дар ин гуруҳ ашъори дигар шоирони форсу тоҷик низ ба шумо пешкаш хоҳад шуд».
Показать полностью.
Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст.
Ӯ соли 1954 пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Мазори Шариф ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат дохил шуда, соли 1958 онро хатм кард. Таҳсил дар ҳамин донишсаро роҳи ояндаи ӯро таъйин намуд. Ӯ бо маслиҳат ва пуштибонии бародари фозилаш Қоришариф соли 1959 ба Душанбе меояд ва ба факултаи забону адаб ва торихи Донишгоҳи омӯзгорӣ дохил мегардад ва соли 1963 онро ба поён мерасонад.
Пас аз ин, нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Бояд ёдовар шуд, ки дар он солҳо мутобиқи расму қоидаи маъмул ҳар адиб, ки мехост узви Иттифоқи нависандагон шавад, бояд то он дам ҳатман ками кам як маҷмӯа чоп карда бошад. Вале бо назардошти истеъдоди равшани Лоиқи ҷавон ва исрори устод Мирзо Турсунзода ӯро бидуни ҳеч маҷмӯае ба таври истисно ва аз қоида берун ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфтанд. Ӯ ҳамчунин узви Кумитаи марказии Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон ва низ намояндаи Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард.
30 июни соли 2000 соати 12 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд. Байти зеринро худи устод ҳанӯз соли 1998 барои санги мазораш васият карда буд:
Дар рӯи замин намонд маъман,
Эй гӯр, дуруд бодат аз ман.
Устод соли 1978 барои маҷмӯаи “Хоки ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” барандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардид. Ғайр аз ин ӯ унвони давлатии “Шоири халқии Тоҷикистон”-ро касб карда буд. Моҳи майи соли 1999 ба устод ҷоизаи байналмилалии “Нилуфар” эҳдо гардид.
Он лаъли дилхунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт,
Он ёри маҳзунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Қолиб тиҳӣ созам агар зору ҳазин, ҷони падар,
Рав беди маҷнунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дар рӯи тобутам агар гулбаргафшонӣ кунанд,
Он шохи гулбунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Ду дида Ҷайҳун доштам аз марги армонҳои халқ
Рав оби Ҷайҳунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Озори дунё дар дилам аз реги ҳомун беш буд,
Он реги ҳомунро бигӯ, Лоиқ видоат карду рафт.
Дил додаам, дил бурдаам, ҷоми паёпай хурдаам,
Он ҷоми ворунро бигӯ, Лоиқ видоат ка
ЛОИКО БАР ЧАШНИ НАВРУЗАТ БИЁ
ЛОИКО БАР БАЗМИ ФИРУЗАТ БИЁ
ТУ КУЧОИ ЭЙ ШАХИ ШЕЪРУ СУРУД
ТУ ХУД БАР РУЗИ ДИЛАФРУЗАТ БИЁ
Заминро ҳар қадар чун моли меросӣ
Миёни ҳам басо тақсим карданд.
Заминро қитъа-қитъа ҳар қадар фарзандг»> Ту монанди замин танҳоӣ, модар,
Ту монанди замин яктоӣ, модар.
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан
Лоиқ Шералӣ
Пеш аз марг видоъ гӯямат, эй ҷону танам,
Боварам нест, ки ман дар ватани хештанам.
Боварам нест, ки сад даст бувад ҳамдастам,
Боварам ҳаст, ки сад қасд бувад гӯрканам.
Показать полностью.
Ман зи диҳ омада будам, ки тамаддун ёбам,
Боз ронданд маро сӯи диҳи хештанам.
Ман ки аз соддахаёлони куҳистон будам,
Боварам буд, ки хоротану хорошиканам.
Аз диҳ озод ба шаҳр омадаму дарпечид
Шаҳр дар гардани озод танобу расанам.
Мардум, эй мардуми сода, ту надонистӣ, ҳайф,
К-аз табу тоби ту бошад табу тоби суханам.
Эй Зарафшон, ту маёсой даме, мавҷ бизан,
То зи амвоҷи ту бофанд матои кафанам.
Сорбон оҳи ҷаҳонсӯзи маро менолад,
«Ватанам, о ватанам, о ватанам, о ватанам».
Onemore Time запись закреплена
Маро рӯзе, ки хушканд обшорон, ёд хоҳӣ кард,
Ба ҳам часпад лабони чашмасорон, ёд хоҳӣ кард.
Тароват кӯч бандад аз ҳарими равшани гулшан,
Намонад як гул аз боғи баҳорон, ёд хоҳӣ кард.
Показать полностью.
Чу ҷони ман ба дашту кӯҳсорон сабзаҳо сӯзанд,
Фурӯ монанд аз чаҳ-чаҳ ҳазорон, ёд хоҳӣ кард.
Дарахти хушкро бинӣ сари гӯри фаромӯше,
Маро ҳар шаб ва ё ҳар рӯзи борон ёд хоҳӣ кард.
Канори рӯд биншинӣ, дар обаш акси худ бинӣ,
Маро дар раҳгузори рӯзгорон ёд хоҳӣ кард.
Чи хуш гӯянд, қадри неъмат аз баъди заволи ӯст,
Агар ман ҳам бимирам, пеши ёрон ёд хоҳӣ кард.
Устод Лоиқ
[1986]
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан
Лоиқ на ба адабиёти классикии форсу тоҷик дахл дошту на ба адабиёти муосири тоҷик,
Лоиқ худаш як адабиёт буд.
профессор Атохон Сайфуллоев
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан
Ҷашни 80-солагии Лоиқ Шералӣ, шоири ҳақҷӯву ҳақгӯ ва якрӯи тоҷик ба ҳама ҳаводорони шеър муборак бод.
«Баҳор мерасад, эй дӯстон, баҳор кунед. «
Показать полностью.
Лоиқ
Эй баҳори бе Лоиқ, рози марг ифшо кун,
Бо таронаи борон ёди шоири мо кун.
Асру лаҳза яксон аст дар радифи бемаргӣ,
Эй ҳарифи бемаргӣ, лаҳзаро таманно кун,
Эй баҳори бе Лоиқ, гулнисори бе Лоиқ!
Ояи азал дар лаб аз адам чӣ овардӣ?
Аз найи фироқи дӯст ҷуз қалам чӣ овардӣ?
Муҳраи қалам бишкаст, эй қаламкаши Монӣ,
Аз қаламрави Лучоб ҷуз адам чӣ овардӣ?
Эй баҳори бе Лоиқ, гулнисори бе Лоиқ!
Аз фасонаи ҳастӣ сеҳр монду соҳир рафт,
Зиндадори сармастӣ ток монду шоир рафт.
Рӯйи дафтару мистар монда гарди хокистар,
Хок бар сари афлок, хок монду шоир рафт,
Эй баҳори бе Лоиқ, баргубори бе Лоиқ!
Дар каронаи беишқ лола ашки Маҷнун аст,
Хандаи гули бодом рӯйи пушта маҳзун аст.
Шоири мазори худ, шеъри зиндадори худ,
Дар диёри хомӯшон ҳоли шоирон чун аст?
Эй баҳори бе Лоиқ, эй хумори бе Лоиқ!
Гулрухсор
Душанбе. 2001
Tajikistan:Политика,История,Религия/Таджикистан
Максимальная репост
Не проходите мимо, помогите хоть 10 рюблями каждая копейка важна, Это мальенкая девочка сгорела при пожаре!
Сбербанк 5336690157236144 Бабайива Маъмур Сайдолимжоновна
Собрано около 70 тыс рублей, осталось 60 тыс рублей.
Карта привязан +7 996 806-31-89 те, кто не верит, можете позвонить по этому номеру, это её отец.
Её мама тоже в тяжёлым состояние.
Семья девочки находится в городе пенза